Рамазон Раҳимзода “тарконидан”-и мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро “акти террористӣ” номид

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро “акти террористӣ” унвон кард ва гуфт, он аз ҷониби “гурӯҳи муташаккили террористӣ содир шудааст”. Ӯ дар нишасти матбуотии имрӯза, 15-уми феврал гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) гумонбарони […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ “тарконидан”-и мошини Салим Сайвализода, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро “акти террористӣ” унвон кард ва гуфт, он аз ҷониби “гурӯҳи муташаккили террористӣ содир шудааст”.

Ӯ дар нишасти матбуотии имрӯза, 15-уми феврал гуфт, дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) гумонбарони зиёд дастгир шудаанд, вале аз шумораи муайян ном набурд.

Ҳамин тариқ, вазир бо ишора ба сирри тафтишот аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард ва ваъда дод, ки баъди ба анҷом расидани тафтишот ба расонаҳо маълумот пешниҳод мекунад.

Охири моҳи январи соли равон Ҳамзаалӣ Музофиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони минтақаи Кӯлоб дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар робита ба ин қазия 8 гумонбар, аз ҷумла 2 гумонбари асосӣ дастгир шуда, бар зиддашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале парванда муҳри махфӣ дорад.

Ба қавли ӯ, дар пайи ҳодисае, ки аввали моҳи январи соли 2024 рух дод, алайҳи ду гумонбари асосоӣ бо моддаҳои 179 ва 307 Кодекси ҷиноятӣ (терроризм ва даъвати оммавӣ барои бо зӯр тағйир додани сохти конститутсионӣ) парванда боз гардид.

Ӯ зикр кард, ки боздоштшудагон ҳамчунин дар якчанд ҷиноятҳои дигар ҳам даст ва бо гурӯҳҳои ифротӣ алоқа доштаанд ва ҳамкорӣ мекардаанд.

“Ҳатто онҳо ҷиноятҳои содир кардаашонро навор гирифта мефиристодаанд. Аксарияти шариконашон шиносоӣ шудааст ва ҳоло онҳо ҳам боздошт хоҳанд шуд. Ба парванда ба ин хотир муҳри махфӣ зада шудааст”, – шарҳ дода буд иҷрокунандаи вазифаи прокурори минтақаи Кӯлоб.

Ҳамаи боздоштшудагон сокинони шаҳри Кӯлоб ҳастанд. Шахсияти онҳо маълум нест.

Аввали моҳи январ Радиои Озодӣ хабар дод, ки мошини хидматии Салим Сайвализода, раиси ҲХДТ дар минтақаи Кӯлоб, рӯзи 5-уми январ, дар назди хонааш дар деҳаи Тудакафш таркид ва худаш маҷрӯҳ шудааст.

Мақомот аз маҳалли ҳодиса “боқимондаи маводи худсохти тарканда” пайдо кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ҳадаф аз таркондани мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб чӣ будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.