Кумитаи андоз 10 қарздори калонтарини худро номбар кард

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 бақияи қарзи андоз 647,6 млн сомонӣ (ҳудуди 60 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар дод раиси Кумитаи андози назди ҳукумат Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал. Ин нишондиҳанда ба гуфтаи ӯ, 67 млн сомонӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Давлатзода 10 қарздори калонтаринро номбар кард, […]

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 бақияи қарзи андоз 647,6 млн сомонӣ (ҳудуди 60 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, хабар дод раиси Кумитаи андози назди ҳукумат Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал.

Ин нишондиҳанда ба гуфтаи ӯ, 67 млн сомонӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Давлатзода 10 қарздори калонтаринро номбар кард, ки аз нисф зиёди ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз (338,8 млн сомонӣ) ба онҳо рост меояд.

Калонтарин қарздорон инҳоянд:

– корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон – 83,8 млн сомонӣ;

– корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” – 73,2 млн сомонӣ;

– ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» – 67,4 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои зертобеи он – 37,8 млн сомонӣ;

– Кони ангишти «Зиддӣ» – 23,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «Алюминсохтмон» – 20 млн сомонӣ;

– ҶСК «Ангишт» – 9 млн;

– ҶСК «Шабакаҳои интиқол» – 8,2 млн;

– ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» – 8 млн сомонӣ;

– КВД «Хидматрасонӣ ба нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» – 7,8 млн сомонӣ.

Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, соли гузашта нисбати қарздорон оид ба маҷбурӣ рӯёнидани андозҳо ба маблағи зиёд аз 1,2 млрд сомонӣ қарорҳо қабул шудааст.

Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ то 1 январи соли 2024 аз 350,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ иборат аст, ки 10,1 ҳазор субъект зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.