Раиси Додгоҳи олӣ: “Баррасии парвандаи муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” рӯзҳои наздик ба охир мерасад”

Муҳокимаи парвандаи Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик додрасҳо барои қабули қарор, ба хонаи машварат мераванд. Дар ин бораи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феварал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. “Мувофиқи ахбороти мо, аллакай тарафҳои айбдоркунандаву ҳимоякунанда баромад кардаанд ва рӯзҳои наздик судя барои […]

Муҳокимаи парвандаи Абдухалил Холиқзода, муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дошта, рӯзҳои наздик додрасҳо барои қабули қарор, ба хонаи машварат мераванд.

Дар ин бораи Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми феварал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Мувофиқи ахбороти мо, аллакай тарафҳои айбдоркунандаву ҳимоякунанда баромад кардаанд ва рӯзҳои наздик судя барои ҳал кардани масъала ба хонаи машваратӣ меравад”, – гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Раиси Додгоҳи олӣ сабаби бе ҳузури намояндагони расонаҳо ва дар боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шудани муҳокимаи додгоҳиро “набудани шароит барои баррасии чунин парвандаҳо дар толорҳои Суди олӣ” номид.

“Мо имконияти баррасии парвандаҳое, ки шумораи зиёди судшаванда дорад, дар Суди олӣ надорем. Бо назардошти ин, якчанд парвандаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз ҷониби судяҳои Суди олӣ дар баррасӣ қарор доранд”, – гуфт Шермуҳаммад Шоҳиён.

Ӯ зикр кард, ки ҳамчунин имконияти иҷозаи вуруди хоҳишмандони зиёд ба боздоштгоҳи муваққатиро низ надоранд.

Шавкат Лутфуллозода, муовини якуми раиси Додгоҳи олӣ илова кард, ки аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати Абдухалил Холиқзода бо моддаҳои 182 қисми 2 (барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), моддаи 289 қисми 2 (қочоқ) айб эълон шудааст.

Ҳамчунин, дар робита ба ин қазия ду нафари дигар – нависанда ва донишманди тоҷик Абдуқодири Рустам ва ношир Сӯҳроб Раҷабзода низ боздошт шудааст.

Тибқи иттилои Шавкат Лутфуллозода, нисбати Абдуқодири Рустам бо моддаи 182 қисми 2  ва нисбати Сӯҳроб Раҷабзода бо моддаи 295 қисми 1 (сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) айб эълон шудааст.

Абдухалил Холиқзода, Абдуқодири Рустам ва Сӯҳроб Раҷабзода кистанд ва чаро боздошт шуданд? Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар бораи чист? Метавонед аз матлаби “Аввалин зодрӯзи муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” дар боздоштгоҳ. Абдухалил Холиқзода кист?” маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.