Ҳудуди 400 корманди БДА аз кор озод мешаванд, аммо дар сохтори дигари ВКД корро идома медиҳанд

Дар пайи ихтисори 30 дарсади воҳиди кории Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҳудуди 400 корманди ин ниҳод аз вазифа озод карда мешаванд. Вале онҳо дар дигар идораҳои ВКД корашонро идома хоҳанд дод. Дар ин бора Рамазона Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ҳадафи ихтисори воҳидҳои корӣ, “ба танзим даровардани тартибу […]

Дар пайи ихтисори 30 дарсади воҳиди кории Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ҳудуди 400 корманди ин ниҳод аз вазифа озод карда мешаванд. Вале онҳо дар дигар идораҳои ВКД корашонро идома хоҳанд дод. Дар ин бора Рамазона Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳадафи ихтисори воҳидҳои корӣ, “ба танзим даровардани тартибу амният дар роҳ ва баланд шудани маърифати мардум аст”.

“Чандин маротиба аст, ки воҳидҳои кории ин сохтор кам карда мешавад. Имсол 30 дарсади кормандони ин ниҳод кам мешавад. Яъне воҳидҳои корӣ ихтисор мешавад. Вале кормандони озодшуда вобаста ба сатҳу донишу малакаашон ба дигар вазифаҳо таъин мешаванд. Онҳо аз мақомот пурра пеш карда намешаванд”, – шарҳ дод Рамазон Раҳимзода

Вазир гуфт, ҳоло ихтисори кормандони БДА оғоз нашудааст ва танҳо баъди қарори дахлдори ҳукумат, шурӯъ хоҳад шуд.

“Аллакай фармони роҳбари давлат баромад. Тартиби иҷро кардани фармон муайян мешавад ва ин раванд давом дорад”,- гуфт вазири корҳои дохилӣ.

Чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи интиқоди фаъолияти кормандони БДА фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд.

Дар фармон зикр мегардад, ки он бо мақсади  “таъмини самаранокии фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

Дар ҳамин ҳол, аксари сокинони кишвар кам кардани теъдоди кормандони БДА-ро  истиқбол карданд ва гуфтанд, он ба фоидаи кор аст. Ба ақидаи онҳо, ин ҳам ба кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад ва ҳам имкон медиҳад, ки маоши дигар кормандони ин сохтор бештар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.