“Аз аттестатсия нагузаштанд”. 83 корманди БДА аз кор озод шудаанд

Баъди санҷиши тахассусӣ ё аттестатсия 83 нозири Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кор озод шуда, садҳо нафар ба вазифаи пасттар таъин шудаанд ва боз даҳҳо нафари дигар ҷазои интизомӣ гирифтаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимнни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар пайи аттестатсияи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автобилӣ 83 нозир аз кор […]

Баъди санҷиши тахассусӣ ё аттестатсия 83 нозири Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз кор озод шуда, садҳо нафар ба вазифаи пасттар таъин шудаанд ва боз даҳҳо нафари дигар ҷазои интизомӣ гирифтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимнни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар пайи аттестатсияи кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автобилӣ 83 нозир аз кор озод шуданд”.

Илова бар ин, тибқи иттилои як манбаъи дигари “Азия-Плюс”, дар пайи санҷиши тахассусӣ беш аз 270 нафар аз вазифаҳои ишғолкарда озод ва ба вазифаи пасттар таъин гардида, беш аз 450 нафар ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд ва даҳҳо нафари дигар ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Он замони президент Суҳроб Қурбонзода, сардори БДА-ро, ки ҳамагӣ як сол пеш ба ин вазифа таъин гардида буд, аз вазифа озод ва  ба ҷои ӯ Рустам Мирзомуродзодаро сардори БДА таъин кард.

Дар пайи ин, ҷазо барои рондани мошин бо рақамҳои қалбакӣ ё рондани мошини шахси дигар сангинтар шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.