Ҷаримаи ронандаи Toyota барои аз тирезаи мошин партофтани партов

Дар Душанбе ронандаи Toyota Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ барои аз тирезаи автомашинаи худ ба берун партофтани партов ҳангоми ҳаракат ҷарима шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ронанда дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашргардида боздошт шудааст. “Ронанда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро […]

Asia-Plus

Дар Душанбе ронандаи Toyota Саидмеҳроҷиддин Ҳотамшоҳ барои аз тирезаи автомашинаи худ ба берун партофтани партов ҳангоми ҳаракат ҷарима шуд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ронанда дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" нашргардида боздошт шудааст.

“Ронанда зимни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми пурсиш номбурда ба кирдори содирнамудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда дар ин модда чунин аст: барои шахсони воқеӣ – аз 2 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ); барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бо низоми патент кор мекунанд – аз 5 то 10 нишондиҳанда; барои шахсони мансабдор – аз 15 то 20 нишондиҳанда; барои соҳибкорони инфиродӣ, ки бар асоси шаҳодатнома кор мекунанд – аз 20 то 25 нишондиҳанда ва барои шахсони ҳуқуқӣ – аз 50 то 100 нишондиҳанда.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.