Театри миллӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолият соли 2021 боз мешавад

Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон тирамоҳи соли 2021 дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба итмом мерасад. Тавре ба “Азия-Плюс” вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода хабар дод, айни замон бунёди иншоот аз ҷониби ҳукумат ба рӯйхати “махсусан муҳим” шомил гардида, босуръат ҷараён дорад. Вазир таъкид дошт, ки чун солҳои пешин дар соли 2020 низ сохтмони театр аз пардохти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон тирамоҳи соли 2021 дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба итмом мерасад.

Тавре ба “Азия-Плюс” вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода хабар дод, айни замон бунёди иншоот аз ҷониби ҳукумат ба рӯйхати “махсусан муҳим” шомил гардида, босуръат ҷараён дорад.

Вазир таъкид дошт, ки чун солҳои пешин дар соли 2020 низ сохтмони театр аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида озод хоҳад шуд.

Бинои ояндаи Театри миллӣ дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар қаламрави боғи “Парчами давлатии Тоҷикистон” қомат меафрозад. Барои сохтмони он ҷудо гардидани 680 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди иншоот моҳи марти соли 2015 оғоз шуд. Мувофиқи маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад шуд.

Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт.

Лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.