Касри буҷети давлатии Тоҷикистонро бо қарзу грантҳо рӯйпӯш карданиянд

Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 70%-и каср (камбуд)-и буҷети давлатиро аз ҳисоби ҷалби қарзҳои дохиливу беруна, ҳамчунин грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рӯйпӯш карданист. Бо ин мақсад ҳукумат ҷалби қарз ва грантҳоро аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 150 млн. сомонӣ дар нақша дорад. Боз 100 млн. сомонии дигар барои рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби фурӯши […]

Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 70%-и каср (камбуд)-и буҷети давлатиро аз ҳисоби ҷалби қарзҳои дохиливу беруна, ҳамчунин грантҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рӯйпӯш карданист.

Бо ин мақсад ҳукумат ҷалби қарз ва грантҳоро аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 150 млн. сомонӣ дар нақша дорад.

Боз 100 млн. сомонии дигар барои рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби фурӯши векселҳои хазинадорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳадди ниҳоии касри буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 0,4%-и ММД – наздики 350 млн. сомонӣ (36 млн. доллар) муқаррар шудааст.

Ҳамчунин барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ҷалби маблағҳо аз сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– даромад аз хусусигардонӣ, иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ ва фоида аз саҳмияҳои давлатӣ – 25 млн. сомонӣ;

– воситаҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020 – 34 млн. сомонӣ;

– сарфаи маблағ аз тендерҳои хариди давлатии маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ – 30,5 млн. сомонӣ;

– барзиёд иҷро кардани нақшаи даромадҳо дар буҷетҳои маҳаллӣ – 9,9 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми умумии даромадҳо дар буҷети давлатии соли 2020 ба маблағи беш аз 26 млрд. ва хароҷот – 26,4 млрд. сомонӣ муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.