Табодули таҷрибаи дипломатҳои тоҷику ӯзбек оид ба кор бо ВАО

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 3-юми декабр марҳилаи навбатии машваратҳо байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва кор бо васоити ахбори умум баргузор шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистонро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Вафо Ниятбекзода роҳбарӣ кард. Ҷонибҳо таҷрибаи кишварҳоро […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 3-юми декабр марҳилаи навбатии машваратҳо байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва кор бо васоити ахбори умум баргузор шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКХ Ӯзбекистон, ҳайати Тоҷикистонро сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Вафо Ниятбекзода роҳбарӣ кард.

Ҷонибҳо таҷрибаи кишварҳоро оид ба масоили ҳамкории иттилоотӣ дар сиёсати хориҷӣ, бақайдгирии ВАО-и хориҷӣ, кор бо афкори ҷомеа ва ВАО, ташкили чорабиниҳои марбут ба расонаҳо баррасӣ карданд.

Ҳамчунин атрофи пешниҳодҳо оид ба рушди ҳамкории хадамоти иттилоотии Вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳо табодули назар сурат пазируфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.