Амалиёти “Корд”: Боздошти 11 нафар бо силоҳи сард

Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз 27-уми ноябр то 1-уми декабр 11 нафар боздошт шуданд. Онҳо бо худ корду кастет ва электрошокер доштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз шаҳрвандон 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер […]

Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар доираи амалиёти шартӣ бо номи «Корд» дар марҳилаи навбатӣ аз 27-уми ноябр то 1-уми декабр 11 нафар боздошт шуданд. Онҳо бо худ корду кастет ва электрошокер доштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз шаҳрвандон 10 корд, 2 кастет ва 1 электрошокер дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт шуданд, чораҳои қонунӣ, аз ҷумла, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ва ҷаримаи то 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ карда шуд.

Зимнан аз Абдулло Назриев, соли таваллудаш 1995, зодаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ 3 адад корд, ҳамчунин аз истиқоматкунандагони пойтахт Зоир Низомов, соли таваллудаш 1984, Неъматҷон Нурбобоев, соли таваллудаш 1992, Муҳаммадюсуфи Сафаралии Аҳмадзода, соли таввалудаш 2001, М.Р. соли таваллудаш 2002, Фаридун Кабиров соли таваллудаш 1997, Б.С. соли таваллудаш 2002 ва Асадулло Қулматов соли таваллудаш 1996 як ададӣ корд дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҳамзамон аз як сокини 15-солаи пойтахт электрошокер, аз Рамазон Азимов соли таваллуд 1996 ва Раҳмони Давлат, соли таваллудаш 2001 донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода як ададӣ кастет дарёфт гардидааст.

Милитсияи пойтахт изҳор медорад, ки то пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза карда, чунин амалиёти мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.