Рустами Эмомалӣ: Омӯзиши таҷрибаи Тошканд барои мо муҳим аст

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки дар Тошканд бо сафари расмӣ қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Тошканд баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тайи солҳои охир қайд […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро, ки дар Тошканд бо сафари расмӣ қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ масоили густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Тошканд баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистонро тайи солҳои охир қайд кард.

Дар навбати худ, Рустами Эмомалӣ ба Шавкат Мирзиёев паёму таманниёти самимии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Ба масъалаҳои роҳандозии муколамаи мунтазам дар самтҳои табодули таҷриба дар бахши идоракунии шаҳр ва рушби зербино, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои фарҳангӣ бар асоси “харитаи роҳ” таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.

Дар доираи сафари расмӣ Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни бунёдкориву навгониҳо дар шаҳри Тошканд шинос шуд.

Дар кӯчаи Фарғона Йулии ноҳияи Яшнобод ӯ аз метрои рӯйизаминӣ боздид карда, бо вагонҳо барои ҳаракат дар хати нав шинос шуд.

Раиси шаҳри Душанбе бузургмиқёсии корҳои сохтмонро дар пойтахти Ӯзбекистон қайд карда, таъкид дошт, ки омӯзиши таҷрибаи Тошканд дар ин самт барои Тоҷикистон муҳим аст. Дар ин бора сомонаи расмии раиси пойтахти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз маркази омӯзишии «Ба кор даъват мекунем»-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ дар ноҳияи Яшнобод ва Маркази хизматрасониҳои давлатии ноҳияи Чилонзор боздид кард.

Зимни вохӯрии Рустами Эмомалӣ бо раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев созишнома дар бораи амалисозии нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд барои давраи солҳои 2020-2021 ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.