Соли 2020 дар Душанбе рӯзҳои Тошканд баргузор мешаванд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар шаҳри Тошканд бо раиси пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дидору гуфтушунид кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории пойтахти Ӯзбекистон, ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев муносибатҳои чандинасра ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳангу расму оин ва анъанаҳои муштараку мазҳаби ягонаро, ки робитаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар шаҳри Тошканд бо раиси пойтахти Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дидору гуфтушунид кард. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шаҳрдории пойтахти Ӯзбекистон, ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев муносибатҳои чандинасра ва ҳамсоягии мардуми тоҷику ӯзбек, фарҳангу расму оин ва анъанаҳои муштараку мазҳаби ягонаро, ки робитаҳои дӯстии сокинони ду кишварро таҳким мебахшанд, қайд намуд. Вай афзуд, ки Тошканд ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо бо Душанбе омода аст.

Рустами Эмомалӣ аз пазироии самимона изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, ки шаҳрдории Душанбе ба тағйироту навсозиҳо дар Тошканд таваҷҷуҳ дошта, дар ин самт бо таҷрибаи пойтахти Ӯзбекистон дар бахши сохтмон аз наздик шинос шуданист.

Ба ғайр аз ин, ӯ ёдрас кард, ки соли оянда баргузории Рӯзҳои Тошканд дар Душанбе ва ҳамоиши ҷавонон дар чаҳорчӯби он ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ созишнома дар бораи амалисозии нақшаи чорабиниҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳанг байни шаҳри Тошканд ва шаҳрдории Душанбе барои давраи солҳои 2020-2021 ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.