Шабдолов ба ҳукумати Тоҷикистон: бо “Толибон” тамос бигиред

Сиёсатмадори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори "Азия-Плюс" изҳор дошт, ки барои таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, Душанбеи расмиро лозим аст, ки фавран бо ҳаракати сари қудрат дар Афғонистон омадаи  “Толибон иртибот роҳандозӣ намояд. "Роҳандозии муносибот бо “Толибон” маънои онро надорад, ки Тоҷикистон ҳокимияти Толибонро, ки асоси гурӯҳҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сиёсатмадори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори "Азия-Плюс" изҳор дошт, ки барои таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, Душанбеи расмиро лозим аст, ки фавран бо ҳаракати сари қудрат дар Афғонистон омадаи  “Толибон иртибот роҳандозӣ намояд.

"Роҳандозии муносибот бо “Толибон” маънои онро надорад, ки Тоҷикистон ҳокимияти Толибонро, ки асоси гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳоро 46 қабилаи паштунҳои Афғонистон ташкил медиҳанд, расман эътироф мекунад ", – иброз дошт сиёсатмадор.

Бо ёдоварӣ аз солҳои кораш дар миёнаҳои солҳои 1980 дар Кобул ба ҳайси мушовири Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократӣ, ки он вақт дар Афғонистон ҳукмронӣ мекард, Шабдолов зикр кард, ки барои паштунҳо Қуръони карим ва қоидаҳои арҷгузорӣ ба номусу шараф (Кодекс чести) муқаддас дониста мешаванд.

“Зимни иртибот бо толибон (паштунҳо) ин омилро ба инобат гирифтан зарур аст”, – чунин мешуморад Шабдолов.

Сиёсатмадор изҳор дошт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар тӯли маъракаи даҳсолаи Афғонистон тақрибан 60 млрд доллар сарф карда, пас аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ дар соли 1989, ҳокимияти президенти онвақтаи Афғонистон Наҷибулло се соли дигар ба террористон муқовимат нишон дод ва "агар хиёнати раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв ва Русия – Борис Елтсин намебуду онҳо аз Афғонистон рӯй намегардониданд, президент Наҷибулло метавонист бар Толибон пирӯз шавад".

"ИМА тӯли бист соли ҳузури низомии худ дар Афғонистон беш аз як трлн доллар сарф карда, аммо пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳатто як моҳ ҳам истодагарӣ карда натавонист", – гуфт Шабдолов.

Вай ҳамзамон гуфт, дар шароити феълии мавҷуда дар давлати ҳамсоя мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, ки натанҳо бо Толибон, балки бо тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистони имрӯза робита барқарор кунанд.

Дар пешгӯйии вазъи ояндаи ҷумҳурӣ пас аз вуруди “Толибон” ба Афғонистон, Шабдолов зикр кард, ки  Русия ва Чин ба шиддат гирифтани вазъ дар Тоҷикистон роҳ намедиҳанд.

«Ман на ҳамеша аз сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе самтҳо ҷонибдорӣ мекардам, лекин аз таҳкими марз бо Афғонистон комилан ҷонибдорам ва дар сурати зарурат, омодаам, ки бо силоҳ дар даст ба ҳифзи марзу буми Ватан бархезам”, – илова намуд сиёсатмадор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.