“Ҷарима кардем, ихроҷ не”. ВКД 29 афғонистониро барои риоя накардани қоидаҳои будубош ҷарима кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст. Аз маркази матбуоти ВКД бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, онҳоро ҷарима карданд, вале иҷборан аз Тоҷикистон ба ватанашон ихроҷ накардаанд. “Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 29 шаҳрванди Афғонистонро бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима кардааст.

Аз маркази матбуоти ВКД бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, онҳоро ҷарима карданд, вале иҷборан аз Тоҷикистон ба ватанашон ихроҷ накардаанд.

“Нисбати қоидавайронкунандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ҷаримабандӣ кардем. Онҳо вобаста ба кирдори хеш ҷаримабандӣ мешаванд ва ҳаҷми ҷарима низ ба кирдори онҳо вобаста аст”, – гуфтанд аз ВКД.

Аз ин ниҳод гуфтанд, соли равон аз ҷониби онҳо ягон ҳолати иҷборан аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст ва хабарҳои ихроҷи иҷбории афғонистониҳо ба ВКД рабте надорад.

Ҷаримабандии 29 шаҳрванди Афғонистон дар ҳолест, ки чанде пештар расонаҳо, аз ҷумла Радиои Озодӣ аз ихроҷи иҷбории тақрибан 200 шаҳрванди Афғонистон, ки баъди ба сари қудрат омадани Толибон барои наҷоти ҷонашон ба Тоҷикистон омадаанд, хабар дода буданд.

Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ гуфта буданд, ки онҳоро аз кӯчаву хонаҳояшон боздошт карда, ба марз мебаранд.

Намояндагии Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон низ дар як изҳороти хеш дар робита ба ихроҷи маҷбурии шаҳрвандони Афғонистон ба кишварашон нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хоста буд, ки афғонистониҳоро ба ватанашон ихроҷ накунанд.

Дар Тоҷикистон тақрибан 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз тарси Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Ин гуруҳи тундрав як сол боз дар Афғонистон ҳукумат мекунад ва ба нақзи ҳуқуқи одамон, ба вижа занону духтарон, муттаҳам аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.