Нимаи дуввуми моҳи октябр дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Дар Тоҷикистон нимаи дуввуми моҳи октябр ҳаво номусоид шуда, боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри соли 2016 шабоҳат дошта, пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, ки нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон нимаи дуввуми моҳи октябр ҳаво номусоид шуда, боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри соли 2016 шабоҳат дошта, пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, ки нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк дар назар аст.

“Дар шаҳри Душанбе ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳи октябр ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, ба амал омадани бориш аз эҳтимол дур нест”, – гуфтааст манбаъ.

Ин ниҳод мегӯяд, дар вилояти Хатлон нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар буда, ҳаво шабона то 15 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.

“Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳарорати аз меъёр 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 15 – 18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 13 – 14 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 19 ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад”, – гуфтааст Оҷонсии обуҳавошиносӣ.

Ҳамчунин, ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар вилояти Суғд дар нимаи дуюми моҳ пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.

“Дар вилояти Суғд дар моҳи октябр ҳарорати меъёри иқлимӣ паст ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар ноҳияҳои водигӣ то 13 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 11 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар водиҳо нимаи аввали моҳ ҳаво шабона то 17 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10 ва рӯзона то 25 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад”, – гуфтааст манбаъ.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат моҳи октябр аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят нимаи аввали моҳ ҳарорати ҳаво шабона 11 ва рӯзона то 20 дараҷа пешгӯӣ мешавад. Нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 3 дараҷа ва рӯзона то 17 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳото 11 дараҷа гарм мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ ба амал омадани бориши дорои шиддатнокии гуногун дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба Оҷонсии обуҳавошимносӣ ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 27-29 сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Дар робита ба ин КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

КҲФ аз ронандагон ва дӯстдорони сайёҳии кӯҳнавардӣ ва велосипедронии кӯҳӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд, зеро эҳтимоли резиши санг боқӣ мемонад.

Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки дар ҳолати фавқулодда ба 112 занг зананд.

Ё ба қисми навбатдории:

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

– 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;

Раёсати КҲФ дар шаҳри Ҳисор

– (83139) 2-60-74, 2-60-45;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

– (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Раёсати КҲФ дар шаҳри Кӯлоб

– (83322) 2-36-60, 2-34-73;

Раёсати КҲФ дар ВМКБ

– (83522) 2-40-57, 2-53-47;

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд

– (83422) 6-58-72, 5-15-55

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.