Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ ба Душанбе омад

Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз соати 16-у 30 дақиқа дар маҷлисгоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки намояндаи махсуси дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ ( UNRCCA ) Мирослав Енча нишасти матбуотӣ баргузор мешавад. Машваратчӣ оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 3-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз соати 16-у 30 дақиқа дар маҷлисгоҳи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо иштироки намояндаи махсуси дабири кулли СММ ва роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ


(


UNRCCA


)


Мирослав Енча нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.






Машваратчӣ оид ба робитаҳои хориҷии Барномаи рушди СММ Сафарбек Солиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар нишасти матбуотӣ атрофи масоили мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои замони ҳозира, терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сӯҳбат барпо мегардад.





Ба иттилои сарчашма, ҳамин рӯз М.Енча ният дорад бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар намояндагони расмӣ мулоқот кунад.





«Қаблан доктори илмҳои ҳуқуқ Мирослав Енча ба ҳайси вазири корҳои хориҷии Словакия, роҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тошканд, намояндаи Словакия дар Кумита оид масоили сиёсӣ ва амнияти Иттиҳоди Аврупо, сафири Словакия дар Мексика, Венесуэла ва Колумбия ифои вазиф анамудааст», – изҳор дошт С.Солиев.





Ёдрас мекунем, ки Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи декабри соли гузашта дар Ашқобод ифтитоҳ гардида буд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.