Дар Тоҷикистон маъракаи дарави ғалла авҷ мегирад

Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Тибқи маълумотҳои фаврии вазорати кишоварзии мамлакат то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад. Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс»


– Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат ҳосили зироатҳои ғалладонагиро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Тибқи маълумотҳои фаврии вазорати кишоварзии мамлакат то аввали моҳи июль дар ҷумҳурӣ 110 ҳазору 526 тонна зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки аз он 105 ҳазору 999 тоннаашро гандум ташкил медиҳад.






Мутахассисини вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки майдони умумии кишти зироатҳои ғалладонагӣ 291 ҳазору 447 гектарро ташкил медиҳад, ки то аввали ҳафта 72 ҳазору 837 гектараш ва ё ба миқдори 24,9% даравида шудааст. Миқдори умумии маҳсулоти ғалладонагии ҷамъоваришуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 ҳазору 199 тонна зиёд мебошад, ҳосили гандуми имсола бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 60 ҳазор тонна бештар аст.





Дар вазорат ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзҳои наздик дарави ғалла тариқи комбайнҳо фаъол гардид, имрӯзҳо дар майдонҳои зироатии кишвар аз 370 то 400 комбайнҳои ғалладаравии хоҷагиҳо ва шахсони алоҳида дар мавсими дарав иштирок доранд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.