Толибилми точик дар олимпиадаи байналмилаллӣ миёни 36 давлати дунё ғолиби мутлақ дониста шуд

Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» –   Хонандаи синфи 7-уми мактаби №15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев дар доираи таълимии синфҳои 9-11 дар олимпиадаи 12-уми байналмилалии аз фанни забони Руси, ки санаи 22-29 июни соли равон дар Донишгоҳи Давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкини ш. Маскав баргузор гардид, ғолиби мутлақ дониста шуд. Тавре […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» –



 

Хонандаи синфи 7-уми мактаби №15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев дар доираи таълимии синфҳои 9-11 дар олимпиадаи 12-уми байналмилалии аз фанни забони Руси, ки санаи 22-29 июни соли равон дар Донишгоҳи Давлатии забони русии ба номи А.С. Пушкини ш. Маскав баргузор гардид, ғолиби мутлақ дониста шуд. Тавре ба ОИ «АП» дар вазорати маориф иттилоъ доданд, аз Тоҷикистон дар олимпиадаи мазкур 10 нафар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ширкат варзида, 3 ҷои аввал, 2 ҷои дуввум ва 2 ҷои сеюмро касб карданд ва соҳиби медалу дипломҳо шуданд.







 

Рустам Кенҷаев бошад, дипломи олимпиадаро, ки ба ғолиби мутлақ дода мешавад, соҳиб гашт. Дар вазорат

 

хабар доданд, ки дируӯ ба хотири бозгашт ва ғалабаи хонандагон дар вазъияти тантанавӣ бо вазири маориф Абдучаббор Рахмонов сухбат ороста шуд. Дар навбати худ вазир А. Раҳмонов ғолибонро бо чунин дастовард ва баланд бардоштани шарафи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ миннатдорӣ изҳор карда, барои ояндаи онҳо муваффакқятҳо талабид. Зимни сӯҳбат қайд гардид, ки чунин ғалабаи сермаҳсулро дер боз интизор буданд ва ин боиси ифтихори ҳамаи мост. Дар охири сӯҳбат А. Раҳмонов волидони иштирокчиёни олимпиадаро низ табрик ва миннатдорӣ гуфта, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.