Дар Бишкек сабабҳои таъсири омилҳои ҳуқуқӣ дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муҳокима шуд

Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Бишкек мизи мудаввари минтақавӣ дар мавзӯи «Адвокатсия чун омили коҳиши зарари марбут ба истеъмоли нашъаовар» ба кори худ шурӯъ кард.   Тавре ба хабаргузории «АП» дар вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иқдоми гузаронидани ин чорабинӣ ба лоиҳаи назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ дар доираи […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» –


Имрӯз дар шаҳри Бишкек мизи мудаввари минтақавӣ дар мавзӯи «Адвокатсия чун омили коҳиши зарари марбут ба истеъмоли нашъаовар» ба кори худ шурӯъ кард.





 

Тавре ба хабаргузории «АП» дар вазорати тандурустии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, иқдоми гузаронидани ин чорабинӣ ба лоиҳаи назорати бемории СПИД дар Осиёи Марказӣ дар доираи рушд ва пешравии маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба паст кардани сатҳи зарар ба маводи нашъамандӣ тааллуқ дорад.




 

Ба гуфтаи сарчашма аз вазорати тандурустӣ, дар кори мизи мудаввар намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, роҳбарони раёсатҳо, марказҳои тиббии вилоят ва минтақавиии чор кишвар, аз ҷумла Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Тибқи иттилои сарчашма, Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур намояндагони маркази

 

назорат оид ба маводи нашъадори Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва венерикӣ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғуломов, Маркази профилактикӣ ва мубориза бо бемории СПИД-и вилояти Хатлон муаррифӣ менамоянд. «Дар кори машварат як қатор масъалаҳо, аз ҷумла аркология, профилактикаи бемории ВИЧ/СПИД ва дигар

 

бемориҳои сироятӣ

 

баррасӣ мегарданд», зикр кард манбаъ.



«Мақсад аз гузаронидани ин мизи мудаввар шиносоӣ намудани иштирокчиён бо усул ва таҷрибаи паст кардани зарари маводи нашъадор ва масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаи рушд ва омода намудани барномаи паст кардани сатҳи зарар дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад», – изхор дошт мутахассиси вазорати тандурустӣ

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.