Дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ба табъ расид

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ба табъ расид. Сармуҳаррири ҳафтанома Мирзомаҳмуд Мирбобозода изҳор дошт, ки ҳафтаномаи нав нашрияи иҷтимоиву фарҳангӣ буда, барои мардуми форсизабони ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Маркази фарҳангии «Боргоҳи сухан» муассиси рӯзнома аст. Ба ҳайати мушовирони он шоирон Мӯъмин Қаноат, Фарзона, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон […]

Баҳром Маннонов



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ба табъ расид.






Сармуҳаррири ҳафтанома Мирзомаҳмуд Мирбобозода изҳор дошт, ки ҳафтаномаи нав нашрияи иҷтимоиву фарҳангӣ буда, барои мардуми форсизабони ҷаҳон пешбинӣ шудааст.





Маркази фарҳангии «Боргоҳи сухан» муассиси рӯзнома аст. Ба ҳайати мушовирони он шоирон Мӯъмин Қаноат, Фарзона, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Худоӣ Шариф, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст, мушовири фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Ғуломҳасан Ҳазратӣ ва роҳбари Маркази фарҳангии «Боргоҳи сухан» Бӯрӣ Карим аъзо мебошанд.





Маводи ҳафтанома бо ҳуруфи

 

кириллӣ ва арабӣ чоп мешаванд.





Дар шумораи нахустини он, ки бо теъдоди 3 ҳазор нашр шудааст, роҷеъ ба ҷашни 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Намоишгоҳи байнулмилалии китоб дар шаҳри Теҳрон ва ташрифи барандаи ҷоизаи «Ясная поляна» барои романи беҳтарини Русия, нависанда Тимур Зулфиқоров мақолаву гузоришҳо ба табъ расидаанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.