Бинои яке аз театрҳои қадимтарини ҷумҳурӣ ба таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад

Акмал Алиев



Конибодом. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бинои театри давлатии мусиқӣ ва драмавии ба номи Ҳунарманди Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Тӯҳфа Фозилова, ки солҳои 30-уми асри гузашта бунёд ёфтааст, ба азнавсозӣ ва таъмири ҳамаҷониба ниёз дорад.






Мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Конибодом Заррина Раҳимҷонова мегӯяд, ки дар муддати тамоми фаъолияти театр якчанд маротиба таъмири ҷорӣ гузаронида шуда буд, вале барои таъмири асосӣ маблағ кифоя намекард.





Ба гуфтаи ӯ, шӯъбаи фарҳанги шаҳр ба вазорати фарҳанг ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои таъмир муроҷиат кард.





«Гап сари он аст, ки барои сохтмони бинои нав маблағи хеле зиёд зарур аст, вале алҳол метавон дар бинои кӯҳнаи театр таъмири асосӣ гузаронид», – идома дод З.Раҳимҷонова.





Дар ҳамин ҳол, ба қавли ӯ, нисбат ба солҳои пешин маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ ба соҳаи фарҳанг афзудааст.





«Соли равон барои таъмир ва бою ғанӣ гардонидани фонди адабиёти китобхонаи марказии шаҳр ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ аз буҷаи Вазорати фарҳанг 13,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, – гуфт мудири шӯъбаи фарҳанг. – Барои мактаби нави санъати кӯдакона, дастрас кардани нақлиёт барои ҳунармандон ва харидории сарулибоси театрӣ аз буҷаи вилоятӣ ва шаҳрӣ мутаносибан 50 ҳазор ва 37,4 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос дода шуд».





«Дар навбати худ дастаҳои ҳунарӣ ва кормандони мо дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҷассамаву ёдгориҳои боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳрро барқарору таъмир сохтанд», – афзуд З.Раҳимҷонова.






 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...