Ҷинояткори инфиҷор дар назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид

Душанбе 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқулов ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид. Аз додгоҳи шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки К.Эшонқулов пас аз як моҳи ҳодиса боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки инфиҷор бо супориши нерӯҳои […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқулов ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид.






Аз додгоҳи шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки К.Эшонқулов пас аз як моҳи ҳодиса боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки инфиҷор бо супориши нерӯҳои зиддиконститутсионӣ бо мақсади ташаннуҷи авзоъ ба амал оварда шудааст», – изҳор дошт сарчашма.





Ёдрас мекунем, ки таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олӣ санаи 16-уми июни соли 2007 рух дода буд. Додситони шаҳр Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки зуд ба макони ҳодиса ҳозир гашта буд, он замон ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки «амали террористӣ бо мақсади тарсонидани шаҳрвандон ва шояд баъзе кормандони ҷудогонаи Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст». Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани инфиҷорро комилан рад кард.





Бар асари инфиҷор талафоти ҷонӣ набуд, танҳо ба бинои Додгоҳи Олӣ каме зарар расид.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.