Пахтакорони Кӯлоб аз норасоии об гила доранд

Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз майдони умумии 7 ҳазору 390 гектари кишти пахтаи ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар 85 фоизи он ниҳолҳои пахта аз 10 то 12 кӯрак доранд, ки ин гувоҳи ҳосилнокии хуб аст. Ёдрас мекунем, ки хоҷагиҳои ин ноҳияҳо аз ҷониби «Амонатбонк» сармоягузорӣ карда шудаанд. Агроном ва […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз майдони умумии 7 ҳазору 390 гектари кишти пахтаи ноҳияҳои Кӯлоб, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон дар 85 фоизи он ниҳолҳои пахта аз 10 то 12 кӯрак доранд, ки ин гувоҳи ҳосилнокии хуб аст.






Ёдрас мекунем, ки хоҷагиҳои ин ноҳияҳо аз ҷониби «Амонатбонк» сармоягузорӣ карда шудаанд.





Агроном ва коршиноси шӯъбаи минтақавии «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз норасоии об гила доранд.





«Дар ноҳияи Восеъ аз 91 хоҷагӣ дар қаламрави ҷамоатҳои Тугарак, Меҳнатобод ва Пахтаобод ба иллати норасоии

 

об 41 хоҷагӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ мушкилот доранд», – гуфт ӯ.





Дар канори шаҳри Кӯлоб бо сабаби кори номунтазами пойгоҳи обкашии ба номи С.Назаров ба пойгоҳи обкашии Бештегирмони Боло об кам баромада,


107 гектар

заминҳо беоб мондаанд ва дар хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб аз норасоии об ғизодиҳии дуввуми ниҳолҳоро мавқуф гузоштаанд.





Дар ноҳияи Фархор

300 гектар


 

ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ

100 гектар

замин ба обёрии фаврӣ эҳтиёҷ доранд, то ҳосил талаф дода нашавад.





Ба гуфтаи Р.Кулабеков хушксолии имсола ҳаҷми захираҳои оби обанбори Мӯъминобод ва рӯди Яхсуро коҳиш додааст – дар онҳо об қариб ним баробар кам шудааст, вале корхонаҳои хоҷагии оби минтақа сари вақт чора наадешидаанд.





Чанде қабл, бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Кӯлоб машварат баргузор гардид ва дар он низ аз норасоии об изҳори ташвиш карда шуд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.