Дар Кӯлоб «Амонатбонк» ҳудуди 74 фоизи қарзро ба рушди соҳаи кишоварзӣ ихтисос додааст

Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаҳои «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намуд ба маблағи 17 млн. 647 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст. Мудири шӯъбаи минтақавии бонк Иззатулло Раҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки […]

Турко Дикаев



Кӯлоб. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шӯъбаҳои «Амонатбонк» дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз рӯи ҳамаи намуд ба маблағи 17 млн. 647 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 баробар зиёдтар аст.






Мудири шӯъбаи минтақавии бонк Иззатулло Раҳмонов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи бештар дода шуда, 73 фоиз ё худ 12 млн. 987 ҳазор сомонии маблағи умумии қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва иҷоракорон дода шудааст, ки 64 ҳазор сомонӣ аз он ба истеҳсоли пахта ва 4 млн. 923 ҳазор ба парвариши дигар зироати кишоварзӣ ҷудо шудааст.





И.Раҳмонов мегӯяд, ки аз маблағи қарзҳо танҳо 6 млн. 576 ҳазор сомониаш маблағҳои ҷудокардаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ мебошанд, боқимонда воситаҳои молиявии бевоситаи бонканд ва ин гувоҳи он аст, ки фаъолияти «Амонатбонк» дар минтақа

 

дар ҳоли рушду тавсиа қарор дорад.





Мавсуф зикр кард, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои бонк дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар афзуда, интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ба минтақа тавассути «Амонатбонк» 4,2 баробар зиёдтар шудаанд.



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.