Соли равон дар Конибодом 17 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифт

Конибодом. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 17 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ ва маишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Сардори шӯъбаи шаҳрии сохтмони асосӣ Асрор Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаҳр заводи истеҳсоли хишт, мактаби кӯдаконаи санъат ва дар нуқтаи гардишгоҳи роҳи мошингарди Конибодом-Исфара-Хуҷанд чойхона ба […]

Акмал Алиев



Конибодом. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд 17 иншооти нави таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ ва маишӣ мавриди истифода қарор гирифт.






Сардори шӯъбаи шаҳрии сохтмони асосӣ Асрор Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар шаҳр заводи истеҳсоли хишт, мактаби кӯдаконаи санъат ва дар нуқтаи гардишгоҳи роҳи мошингарди Конибодом-Исфара-Хуҷанд чойхона ба истифода дода шудааст.





«Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои молиягузорӣ ба маблағи 1,7 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ азхуд карда шудаанд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро ташкил медиҳад, – гуфт ӯ. -Дар ҳаҷми 5 ҳазору 665 метри мураббаъ манзили зист бунёд гардид ва аз маблағи 3,3 млн. сомонии азхудкардаи сохтмончиён (187 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) 1,3 млн. сомонӣ ба аҳолӣ ва 463 сомонӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ рост меояд.





А.Шарипов мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ тавассути ҳашар сокинон 6 синфхонаи таълимӣ бунёд кардаанд ва имрӯзҳо сохтмони боз 9 адад чунин синфхонаҳо идома дорад.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.