Дар Хуҷанд ҳангоми порагирӣ адвокат ба ҳабс гирифта шуд

Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти фаврӣ оид ба тафтиши маълумоти гирифтани пора ба миқдори махсусан калон адвокати муассисаи машварати ҳуқуқии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддиновро ба ҳабс гирифтанд. Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шариф Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд зимни баргузории амалиёти фаврӣ оид ба тафтиши маълумоти гирифтани пора ба миқдори махсусан калон адвокати муассисаи машварати ҳуқуқии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Насриддин Исомиддиновро ба ҳабс гирифтанд.






Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шариф Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки адвокат аз волидайни ҷавони гумонбаршуда ба содир кардани ҷинояти авбошӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, ваъда додааст, ки ба озод кардани ӯ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мусоидат мекунад.





«Н.Исомиддинов ҳангоми гирифтани ришва боздошт ва маблағи зикргардида аз кисаи ӯ дарёфт шудааст.





Ба гуфтаи Ш.Шарифов, нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.