Табибони Бадахшон бори нахуст ҷарроҳии бехун гузарониданд

Хоруғ. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Табибони   беморхонаи марказиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шаҳри Хоруғ бори нахуст ҷарроҳиҳои бехун   гузарониданд. Сардори раёсати тандурустии ВМКБ Шодӣ Ҷамшедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки   аллакай 12 нафар беморон бо ин усул ҷарроҳӣ шудаанд. «Эндоскопия ё лапароскопия дар як вақт ҷарроҳии ташхисӣ ва […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Хоруғ. 18-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Табибони

 

беморхонаи марказиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар шаҳри Хоруғ бори нахуст ҷарроҳиҳои бехун

 

гузарониданд.






Сардори раёсати тандурустии ВМКБ Шодӣ Ҷамшедов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки

 

аллакай 12 нафар беморон бо ин усул ҷарроҳӣ шудаанд.





«Эндоскопия ё лапароскопия дар як вақт ҷарроҳии ташхисӣ ва табобатӣ буда, дар муолиҷаи касалиҳои зиёде самараи дилхоҳ медиҳад ва тавассути дастгоҳи махсус (лапораскоп) бо сӯрох кардани бадани инсон бидуни дард ва хунрезӣ сурат мегирад, – гуфт пизишк. – Бо ин усул 35 навъи бемориҳо, аз қабили бемории меъда, рӯда, бемориҳои занона, санги гурда ва ғайраро пурсамар табобат кардан мумкин аст».





Ш.Ҷамшедов афзуд, ки дастгоҳро

 

ба касалхонаи вилоятӣ

 

чанд сол қабл

 

Хазинаи

 

Оғохон

 

тӯҳфа карда буд, вале аз сабаби набудани

 

баъзе

 

таҳҷизоти лозим

 

ва мутахассиси ин соҳа

  

чанд сол

 

боз он бекор истода буд.

 


 







 

Мавсуф зикр кард, ки ахиран

  

бо кӯмаки Вазорати тандурустӣ

 

ба вилоят таҷҳизоти лозим

 

ворид гардида, табибон аз мутахассисони маркази

 

ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи тиб ва ҷарроҳии

 

дил ва рагҳои

 

хунгард таҷриба меомӯзанд.







 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.