Дар водии Бартанги Бадахшон НОБ-и хурди навбатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар деҳаи Бардараи водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» мавриди истифода қарор гирифт, ки бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон сохта шуд. Муҳандис ва менеҷери барномаи Бунёди Оғохон Хӯчамёр Хумориқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нерӯгоҳ бо иқтидори 160 кВт дар муддати […]

Шонаврӯз Афзалшоев



Хоруғ. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар деҳаи Бардараи водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанде қабл нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» мавриди истифода қарор гирифт, ки бо дастгирии молиявии Бунёди Оғохон сохта шуд.






Муҳандис ва менеҷери барномаи Бунёди Оғохон Хӯчамёр Хумориқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки нерӯгоҳ бо иқтидори 160 кВт дар муддати ду сол бунёд ёфта, маблағи сохтмони он $187 ҳазорро ташкил медиҳад, ки $7 ҳазори онро сокинони деҳа маблағгузорӣ карданд.





Сокини деҳа Султоншо Маҳмадбеков мегӯяд, ки «истифодаи қувваи барқи нерӯгоҳ имкон фароҳам месозад, ки натанҳо хонаҳо равшан бошанду ғизо омода созем, балки аз тамошои барномаҳои телевизион низ баҳра бардорем».





Ба гуфтаи Х.Хумориқов, ин ҳаштумин нерӯгоҳи хурдест, ки бо дастгирии барномаи Бунёди Оғохон дар водии Бартанг сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, аз соли 1997 то имрӯз бо ширкати барнома ва дастгирии созмонҳои байнулмилаливу саҳми сокинони маҳал 29 адад нерӯгоҳҳои обию барқии хурд (аз 30 то 300 кВт) бо иқтидориумумии 2,5 ҳазор кВт ба истифода дода шуданд, ки аҳолии беш аз 30 деҳаҳоро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.





«Илова бар ин, мо ба масофаи тақрибан


30 км

хати интиқоли барқ гузаронидем», – гуфт ӯ. Дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи обию барқии хурди «Бардара» вазири энергетика ва саноати ҶТ Щералӣ Гул, роҳбарони Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мунир Меҳралӣ ва Ёдгор Файзов иштирок карданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.