Дар ҶСК «Бонки Эсхата» низоми нави иттилоотӣ ҷорӣ мегардад

Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата», ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, марҳилаи аввали ҷорӣ намудани комплекси нави иттилоотӣ (Платформаи рушд дар заминаи Oracle ) ба анҷом расид. Аз бонки мазкур хабар доданд, ки фаъолияти муассисаи молиявии мазкур ба платформаи сермаҳсули IT гузаронида шуд, ки иқтидори васеи низоми […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата», ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, марҳилаи аввали ҷорӣ намудани комплекси нави иттилоотӣ (Платформаи рушд дар заминаи


Oracle


) ба анҷом расид.






Аз бонки мазкур хабар доданд, ки фаъолияти муассисаи молиявии мазкур ба платформаи сермаҳсули


IT


гузаронида шуд, ки иқтидори васеи низоми идоракунии тиҷоратиро доро мебошад.





«Дар «Бонки Эсхата» ҷорӣ намудани низоми нави асосии бонкӣ дар чаҳорчӯбаи таҷдиди мустақими зерсохтори


IT


-и мавҷудаи ташкилоти қарздиҳӣ амалӣ мегардад, – иттилоъ дод сарчашма. –

 

Ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи самаранок дар бозор, ба бонк ҷорисозии низоми пуриқтидори марказонидашудаи иттилоотӣ зарур омад, то барои амалисозии тамоми амалиёти бонкӣ, фаъолияти баҳисобгирӣ дар як фазои иттилоотӣ ва таъмини фаврияти баланди назорати пурмаҳсули шӯъбаҳои бонк ва воҳидҳои он имкон фароҳам созад».






Маълумотнома:



ҶСК «Бонки Эсхата» моҳи ноябри соли 1993 дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст. Бонки Милли Тоҷикистон соли 1994 ба бонк иҷозатнома барои фаъолиятро додааст.


Бонк дар қаламрави ҷумҳурӣ 8 шӯъба дорад.


Мувофиқи маълумоти Бонки Миллии Тоҷикистон, сармояи оинномавии бонк ба санаи 1-уми майи соли 2008 13 млн. 480,5 ($3,9 млн.) сомониро ташкил медиҳад. Сармояи танзимшавандаи бонк ба 31.млн. 474.5 ҳазор ($9,2 млн.) сомнӣ баробар аст. Моҳи декабри соли 2006 Бонки таҷдид ва рушди Аврупо саҳмиядори ҶСК «Бонки Эсхата» гардид.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.