Муовини вазири кишоварзӣ: Истеҳсоли тухм дар Тоҷикистон 25 фоизи талаботи аҳолиро қонеъ месозад

Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 16 корхонаи паррандапарварии кишвар ҳудуди 27 млн. дона тухм истеҳсол шуд. Дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров изҳор дошт, ки то охири ҳамин сол боз чаҳор корхонаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритӯс ба фаъолият […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 19-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби 16 корхонаи паррандапарварии кишвар ҳудуди 27 млн. дона тухм истеҳсол шуд. Дар нишасти матбуотӣ муовини вазири кишоварзии ҶТ Маҳмуд Қодиров изҳор дошт, ки то охири ҳамин сол боз чаҳор корхонаи паррандапарварӣ дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Шаҳритӯс ба фаъолият шурӯъ мекунанд.






Ба қавли М.Қодиров истеҳсоли тухм дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори беш аз 6 млн. дона афзудааст. Зикр гардид, ки айни замон дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 856 ҳазору 491 сар мурғ нигоҳ дошта мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 291 ҳазор сар зиёдтар аст.





Мувофиқи маълумоти вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, миқдори умумии тухми истеҳсолшуда дар ин давра ҳамагӣ 25 фоизи талаботи аҳолии кишварро қонеъ месозад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.