Э.Раҳмон бо намояндагони гурӯҳи чанде пеш ба ҳукумат бо арзу шикоят муроҷиат карда мулоқот намуд

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як   гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои […]

root



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як

 

гурӯҳ намояндагони аҳли ҷамоатчигии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла нафароне, ки чанде пеш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят муроҷиат карда буданд, мулоқот намуд, ки дар он ҳамчунин роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар шаҳри Хорӯғ ҷойгирбуда ва шахсиятҳои обрӯманди ин диёр иштирок доштанд.






Дар вохӯрӣ нахуст ахбори

 

роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омӯзиши вазъи иҷтимоию сиёсии шаҳри Хорӯғ – Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов шунида

 

шуд.





Зикр гардид, ки имрӯз оид ба масъалаҳои

 

ҳалталаб қарорҳои

 

дахлдор қабул гашта, вазъият пурра зери назорат қарор гирифтааст.





Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии дар ҳудуди ВМКБ

 

фаъолияткунанда

 

таъкид дошт, ки пеш аз ҳама худашон дар таъмини волоияти қонун намунаи ибрат бошанд ва онро аз дигарон низ талаб кунанд.





Нафароне, ки бо арзу шикоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, дар назди Сарвари

 

давлат изҳор доштанд, ки ба халқу Ватани худ ҳаргиз хиёнат намекунанд ва сулҳу ваҳдат ва оромии Тоҷикистонро ҳамеша азизу гиромӣ медоранд.


Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.