Прокуратура фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе»-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ сурат гирифт. Дар ҷаласа қабл аз ҳама вазъи санитарию экологии шаҳр, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии коммуналӣ   мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти ахбороти сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии […]

root


Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ сурат гирифт.




Дар ҷаласа қабл аз ҳама вазъи санитарию экологии шаҳр, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии коммуналӣ

 

мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.



Бо назардошти ахбороти сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр З. Авғонов ва сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат дар шаҳри Душанбе Б. Маҳмадалиев оид ба риояи реҷаи барориши партовҳои маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳолати иҷрои ин амалкард аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ изҳори нигаронӣ намуда, бо дастурҳои мушаххас ба раисони ноҳияҳо таъкид сохт, ки тавассути андешидани чораҳои маъмурии маҷбурӣ роҳҳои аз тарафи шаҳрвандон дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ партофтани партовҳо гирифта шавад.



Дар робита ба иҷрои вазифаҳои таъинотӣ ва рафъи садамаҳо аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон оид ба таъминот бо оби ӯўшокӣ

 

аз прокурори шаҳр хоҳиш карда шуд, ки фаъолияти КВД «Обу корези Душанбе» дар ин самт мавриди санҷиши прокурорӣ қарор дода шавад.



Ҳамзамон, дар ҷаласа таваҷҷӯҳи масъулини шаҳрдорӣ ба иҷрои нақшаҳои корӣ оид ба омодасозиҳои шаҳр ва субъектҳои хизматрасони он ба баргузории ҷаласаи Сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай нигаронида шуд. Бо шунидани гузориши муовини роҳбари дастгоњҳи раиси шаҳр Ф.Ӯлмасов дар хусуси корҳои анҷомёфта,

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев

 

муқаррар сохт, ки нисбати иҷрои бо сифати нақшаи чорабиниҳои марбута муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони субъектҳо масъулияти шахсӣ мебаранд, ки вобаста аз чигунагии натиҷаи корҳо

 

роҷеъ ба ҳар кадоме тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.