Тоҷикистон аз Белорусу Ӯзбекистон техникаи кишоварзӣ харидорӣ мекунад

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –   Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати харидории техникаи кишоварзӣ, аз қабили трактору комбайнҳои таъиноти гуногуни кишоварзӣ бо корхонаҳои Белорусу Ӯзбекистон ба миқдори умумии 7,7 млн. сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст. Ба қавли муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон аз Белорус 62 адад трактору 14 […]

Мавҷуда Ҳасанова



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати харидории техникаи кишоварзӣ, аз қабили трактору комбайнҳои таъиноти гуногуни кишоварзӣ бо корхонаҳои Белорусу Ӯзбекистон ба миқдори умумии 7,7 млн. сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст.






Ба қавли муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмуд Қодиров, ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон аз Белорус 62 адад трактору 14 комбайн, дигар техникаи кишоварзӣ ва аз Ӯзбекистон 20 трактори навъи «МТЗ-80» ворид карда мешаванд.





«То имрӯз муассисаи «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати иҷораи техника аз 68 хоҷагиҳои деҳқонӣ дархост гирифтааст, – гуфт муовини вазир. – Ҳафтаи гузашта ба хоҷагиҳои ноҳияҳои Ваҳдат ва вилояти Хатлон тркаторҳои навъи «МС-288»-и истеҳсоли Эрон ба иҷора дода шуданд».





Ёдрас мекунем, ки КВД «Тоҷикагролизинг» 30-уми ноябри соли 2007 дар назди вазорати кишоварзӣ таъсис ёфта, дар муддати 5 сол барои харидории техникаи кишвоарзӣ ба он 5 млн. сомонӣ ҷудо карда мешавад.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.