Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис таъмин кард

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис ба маблағи беш аз 260 ҳазор евро таъмин намуд. Сардори лабораторияи марказии ташхисии хадамоти номбурда Сафол Мӯсоев изҳор дошт, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Ислоҳот дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. «Мутахассисони […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Иттиҳоди Аврупо Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистонро бо таҷҳизоти лаборатории ташхис ба маблағи беш аз 260 ҳазор евро таъмин намуд.






Сардори лабораторияи марказии ташхисии хадамоти номбурда Сафол Мӯсоев изҳор дошт, ки кӯмаки мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Ислоҳот дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат мегирад. «Мутахассисони Русия ва Тоҷикистон ҳамин рӯз ба насби таҷҳизот шурӯъ карданд», – гуфт ӯ.





Ба қавли С.Мӯсоев, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур ҳамчунин баргузории курсҳои омӯзиши забони англисӣ барои кормандони хадамот ва табодули таҷриба бо ҳамотёни украинӣ ба нақша гирифта шудааст.



 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.