Дар вилояти Хатлон мизони ба ҷиноят даст задани ноболиғон коҳиш ёфтааст

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли равон 34 ҷинояти содиршуда дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон кори дасти ноболиғон будааст. Мирзо Фатҳуллоев, сардори шӯъба дар прокуратураи Хатлон, бо тайиди ин хабар гуфт, ҳарчанд дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мизони ҷинояткории ноболиғон дар вилоят то 20 маврид коҳиш ёфтааст, аммо […]

root



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Прокуратураи вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли равон 34 ҷинояти содиршуда дар қаламрави ҷануби Тоҷикистон кори дасти ноболиғон будааст. Мирзо Фатҳуллоев, сардори шӯъба дар прокуратураи Хатлон, бо тайиди ин хабар гуфт, ҳарчанд дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мизони ҷинояткории ноболиғон дар вилоят то 20 маврид коҳиш ёфтааст, аммо дар навоҳии ҷудогона дар ин робита аз тадобири лозим кор гирифта нашудааст.






Ин ҳам дар ҳолест, ки прокуратураи Хатлон бо ҳадафи коҳиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон, қасд дорад чанд парвандаи дигареро дар робита ба волидони кӯдаконе, ки монеи рафтани фарзандон ба таълимгоҳҳо мешаванд, ба судҳо ирсол намояд.





Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов низ бо ёдоварӣ аз муҷозоти падару модари чандин ноболиғ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки ба фарзандон иҷозаи рафтан ба мактабро намедоданд, гуфтааст, бе шуғли дуруст ва назорат мондани ноболиғон аз сабабҳои аслии даст задани онҳо ба ҷиноят мебошад.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.