Дар водии Зарафшон муштариёни «Индиго Сомонком» як шабонарӯз бе алоқа монданд

Панҷакент. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муштариёни оператори алоқаи мобилии ширкати «Индиго Сомонком» дар водии Зарафшон муддати як шабонарӯз аст, ки ба ҷое занг зада наметавонанд – алоқа ба шабакаи оператор дастрас нест. Дар маркази расмии хидматгузории ширкат дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, ки алоқа ба иллати носозгироҳои техникӣ қатъ гардидааст. Ба гуфтаи манбаъ, алоқа […]

Азим Мамадҷонов



Панҷакент. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муштариёни оператори алоқаи мобилии ширкати «Индиго Сомонком» дар водии Зарафшон муддати як шабонарӯз аст, ки ба ҷое занг зада наметавонанд – алоқа ба шабакаи оператор дастрас нест.






Дар маркази расмии хидматгузории ширкат дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, ки алоқа ба иллати носозгироҳои техникӣ қатъ гардидааст.





Ба гуфтаи манбаъ, алоқа дар тамоми қаламрави вилояти Суғд қатъ шудааст, яъне дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ чунин мушкилот ҷой дорад.





«Дар нимаи дуввуми ҳамин рӯз тамоми носозгориҳои техникӣ бартараф карда мешаванд ва муштариён метавонанд аз хидматгузориҳои ширкат истифода намоянд», – афзуд сарчашма.





Маълумотнома: Оператори алоқаи


GSM


-и Тоҷикистон – ширкати «Индиго-Сомонком» аз ҷониби корпоратсияи амрикоии МТС моҳи марти соли 2000 таъсис дода шудааст. Ширкат беш аз 270 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Соли 2007 «Сомонком» моликияти ширкати телекоммуникатсионии шведиву финнии «TeliaSonera» гашт ва саҳмияҳои шартии оператори алоқаи «Индиго Тоҷикистон»-ро харидорӣ намуд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.