Сафари кории раиси ҲНИТ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари кории раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт. Роҳбари шӯъбаи таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории ҳизб аз 6 ноҳияи вилояти Суғд – Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, […]

Далери Ғуфрон



Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сафари кории раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ ба ноҳияҳои минтақаи шимоли кишвар хотима ёфт.






Роҳбари шӯъбаи таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гурӯҳи кории ҳизб аз 6 ноҳияи вилояти Суғд – Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Ғончӣ ва Зафаробод боздид кардааст.





Мавсуф мегӯяд, ки дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳи водии Зарафшон мулоқоту вохӯриҳо хуб сурат гирифтанд, вале дар се ноҳияи дигари вилоят гурӯҳи корӣ бо мушкилот мувоҷеҳ гаштааст.





«Моро бавижа мавқеи маъмурияти ноҳияи Шаҳристон ба тааҷҷуб гузошт, зеро онҳо нахостанд, бо мо гуфтушунид кунанд», – гуфт ӯ.





Дар вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳои Ғончӣ ва Зафаробод масоили норасоии об ва тақсимоти замин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳамчунин сокинони ҳамаи ноҳияҳоро масъалаи сатҳи барномаҳои телевизионӣ давлатӣ ба ташвиш гузоштааст, – идома дод Ҳ.Сайфуллозода. – Ба назари онҳо барномаҳои телевизиони давлатӣ воқеияти зиндагиро таҷассум намесозанд ва онҳо аз симову фарҳанги миллӣ дуранд». Ҳ.Сайфуллозода чунин изҳори назар кард, ки шояд маҳз бо ҳамин сабаб дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд то ҳол нуфузи шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон назаррас аст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.