Интернати пиронсолону маъюбони Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ таъмин гардид

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз барои таъмини интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб карда шуд. Аз Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин сеюмин лоиҳаи хурдест, ки бунёди мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии Барномаи Бонки рушди Олмон «Фондҳо барои мусоидати рушди […]

Наргис Ҳамробоева



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз барои таъмини интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон бо нерӯи барқи доимӣ хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб карда шуд.






Аз Фонди миллии иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин сеюмин лоиҳаи хурдест, ки бунёди мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии Барномаи Бонки рушди Олмон «Фондҳо барои мусоидати рушди таълимоти асосӣ ва зерсохтори ҷамоавӣ» дар ин ноҳия амалӣ кардааст. Тавассути татбиқи ду лоиҳаи дигар дар деҳаи Ҷавонии ҷамоати Даҳана ва Гулафшони ҷамоати Чортути ноҳия биноҳои таълимӣ сохта шуданд.





«Аввали соли 2007 маъмурияти интернат унвонии фонд нома ирсол намуда, изҳор дошт, ки зимистон ҳангоми аз рӯи меъёр додани қувваи барқ онҳо дар тайёр кардани ғизову гарм нигоҳ доштани утоқҳо мушкилот доранд ва ҳарчанд ба мақомоти гуногун муроҷиат карда бошанд ҳам, касе онҳоро дастгирӣ накардааст, – идома дод сарчашма. – Пас аз баргузории таҳқиқот мақомоти роҳбарии фонд қарор дод, ки ба интернат хати интиқоли барқи эҳтиётӣ насб созад».





Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи мазкур пеш аз мӯҳлат дар давоми се моҳ амалӣ карда шудааст, ҳарчанд мувофиқи шартнома хати интиқоли барқ бояд моҳи август мавриди истифода қарор мегирифт.







Маълумотнома:


Интернати пиронсолону маъюбони ноҳияи Ёвон соли 1995 ташкил карда шудааст. Он барои 110 нафар пиронсолон ва 40 нафар кӯдакони ноқисулақл пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар он 89 нафар пиронсолон ва 39 нафар кӯдакони маъюб зиндагӣ мекунанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.