ҶДММ «Меридиана Трейдинг» даромадҳоро рӯйпӯш сохта, аз пардохти андоз саркашӣ кардааст

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Меридиана Трейдинг» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд. Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъияти мазкур, ки ба […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе зимни баргузории санҷиши фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) «Меридиана Трейдинг» дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.






Аз дафтари матбуоти агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъияти мазкур, ки ба он Абдулмӯмин Иброҳимов роҳбарӣ мекунад, тавассути таҳияи санадҳои тақаллубӣ дар давоми солҳои 2006-2008 ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ маблағҳои пардохти андозро ба буҷаи давлатӣ рӯйпӯш сохтааст.





«Агентӣ ҷиҳати аз ҶДММ «Меридиана Трейдинг» ба фоидаи давлат рӯёнидани маблағи қарзи пардохти андоз ба суди иқтисодии Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод кард», – афзуд манбаъ.





Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.