Марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви СААД дар Арманистон шурӯъ шуд

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Арманистон марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз гашт. Аз Раёсати ҳамкории байнулмилалии низомии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамринҳои низомӣ дар давраи тобистону тирамоҳи соли 2008 дар қаламрави кишварҳои Арманистону Русия доир гардида, дар он ҳудуди […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Арманистон марҳилаи аввали тамринҳои низомии «Марз-2008»-и кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз гашт.






Аз Раёсати ҳамкории байнулмилалии низомии Вазорати мудофиаи ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тамринҳои низомӣ дар давраи тобистону тирамоҳи соли 2008 дар қаламрави кишварҳои Арманистону Русия доир гардида, дар он ҳудуди 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбии Арманистону Русия ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.





«Марҳилаи аввал ва дуввум марҳилаҳои сиёсӣ буда, дар он чораҳои кишварҳои узви СААД дар мӯътадил гардонидани вазъи муташанниҷи сиёсӣ

 

муайян карда мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.





Ба қавли намояндаи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар марҳилаҳои аввалу дуввум қисмҳо ва воҳидҳои низомии Тоҷикистон иштирок намекунанд.





«Дар марҳилаи аввали тамринот кишвари моро муовини аввали сардори ситоди кулл, генерал-майор Зариф Бобокалонов намояндагӣ хоҳад кард», – афзуд сарчашма.





Ёдрас мекунем, ки тамриноти низомии «Марз-2008» аз соли 2005 гузаронида мешаванд. То имрӯз онҳо дар қаламрави давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир гашта буданд. Ба СААД давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.