Ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» таъҷилан дар Қазоқистон фуруд омад

Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мусофирони ҳавопаймои таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шоми дирӯз ба замин нишаста аллакай дар шаҳри Маскаванд. Ба қавли ӯ, пас аз таъҷилан дар Чимкент фуруд омадани ҳавопаймои Boeing -737-300, аз Душанбе […]

Аваз Юлдошев



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз сухангӯи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мусофирони ҳавопаймои таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шоми дирӯз ба замин нишаста аллакай дар шаҳри Маскаванд.






Ба қавли ӯ, пас аз таъҷилан дар Чимкент фуруд омадани ҳавопаймои


Boeing


-737-300, аз Душанбе ҳавопаймои навъи Ту-154-и ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон роҳ сӯи Чимкент гирифта, мусофиронро ба Маскав расонид.





«138 нафар мусофир ва 6 сарнишини ҳавопаймо то омадани ҳавопаймои дигар аз ҳисоби ширкат бо ҷои истироҳат дар меҳмонхона таъмин карда шуданд», – гуфт Н.Давлатова.





Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ мегӯяд, ки ба иллати носозгорӣ дар низоми ҳавотозакунӣ зарурат пеш омадааст, ҳавопаймо таъҷилан фуруд ояд. «Айни замон комиссияи махсус сабабҳои рух додани чунин ҳолатро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст», – афзуд сухангӯи ширкат.





Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Қазоқистону Русия иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон таъҷилан дар фурудгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон фуруд омадааст. Ба касе осеб нарасидааст.




 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.