Дар давоми як шабонарӯз дар Суғд ду нафар ба худкушӣ даст заданд

Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар давоми як шабонарӯз ду ҳодисаи ба худкушӣ даст задан ба қайд гирифта шуд. Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Истравшан ва Конибодом рух додаанд. Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Истаравшан духтари 20 сола худкушӣ […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон дар давоми як шабонарӯз ду ҳодисаи ба худкушӣ даст задан ба қайд гирифта шуд.






Аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои Истравшан ва Конибодом рух додаанд.





Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Истаравшан духтари 20 сола худкушӣ карда, дар ноҳияи Конибодом сокини 18-солаи ҷамоати Лоҳутӣ ба ин амал даст задааст.





Дар ҷойҳои ҳодиса асарҳои куштори маҷбурӣ дида намешаванд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи ҷустуҷӯи сабабҳои ба худкушӣ даст задани онҳо мебошанд. Тибқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар нимсолаи аввал дар вилоят 154 ҳодисаи худкушӣ ё кӯшиши содир кардани он ба қайд гирифта шудааст.



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.