Вазорати тандурустӣ иттилооти сар задани бемории доманаро беасос мехонад

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов иттилооти дар Тоҷикистон сар задани бемории доманаро рад намуд. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши вазъи эпидемиологӣ коҳиши бемориҳои сироятиро дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ошкор сохтааст. «Соли гузашта дар 215 маврид бемории домана ба қайд гирифта шуда буд, имсол бошад, ин […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов иттилооти дар Тоҷикистон сар задани бемории доманаро рад намуд.




Ба гуфтаи ӯ, санҷиши вазъи эпидемиологӣ коҳиши бемориҳои сироятиро дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ошкор сохтааст. «Соли гузашта дар 215 маврид бемории домана ба қайд гирифта шуда буд, имсол бошад, ин рақам ба 154 ҳодиса баробар аст», – гуфт ӯ.



С.Раҳмонов изҳор дошт, ки соли гузашта 3 ҳазору 652 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории гепатит ба қайд гирифта шуда, соли равон он то 2 ҳазору 817 ҳодиса камтар гаштааст, ки ин коҳиши назаррас аст.



«Агар соли гузашта 12 ҳазору 707 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сироятии шадиди рӯда ошкор гашта бошад, соли равон ин рақам ба 9,6 ҳазор расидааст», – афзуд муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.