Кумитаи андоз аз ӯҳдаи иҷрои супориши сарвари давлат баромада натавонист, – раиси кумитаи андоз

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Ҳаким Солиев изҳор дошт, ки ҳарчанд кумита нақшаи ҷамъоварии андозро дар нимсолаи аввал барзиёд (15 дарсад) иҷро карда бошад ҳам, аз ӯҳдаи иҷрои супориши президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии иловагии андоз ба маблағи 600 млн. сомонӣ баромада натавонистааст.             Мавсуф зикр кард, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Ҳаким Солиев изҳор дошт, ки ҳарчанд кумита нақшаи ҷамъоварии андозро дар нимсолаи аввал барзиёд (15 дарсад) иҷро карда бошад ҳам, аз ӯҳдаи иҷрои супориши президенти Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии иловагии андоз ба маблағи 600 млн. сомонӣ баромада натавонистааст.





           

Мавсуф зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти кумитаи андоз ба буҷаи ҷумҳурӣ ба ҷои 727,4 млн. сомонии мувофиқи нақша пешбинишуда 840,2 сомонӣ маблағ ворид сохтанд.




           

Дар ҳамин ҳол, ӯ баён дошт, ки нақша аз рӯи чор навъи андоз – андоз аз истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (79,2 дарсад), андози ягона (96 дарсад), андози давлатӣ (87,6 дарсад) ва андоз аз фурӯши чакана (98,7 дарсад) иҷро нашудааст.




           

«Ман мутмаъинам, ки то охири сол мо супориши додаи сарвари давлатро ба иҷро хоҳем расонид», – гуфт Ҳ.Солиев ва афзуд, ки ба иллати бӯҳрони шадиди имсола ва коҳиш ёфтани мизони тавлиди маҳсулоти саноатӣ иҷрои ин супориш ба таъхир афтод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.