Омӯзгорони макотиби олии Тоҷикистон ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ ба ИМА даъват шуданд

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ ( ACTRA / ACCEIS ) эълом доштанд, ки амалисозии барномаи «Таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони макотиби олӣ» (Junior Faculty Development Program, JFDP шурӯъ мешавад. Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дафтари барномаҳои маърифатӣ ва фарҳангии Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ (


ACTRA


/


ACCEIS


) эълом доштанд, ки амалисозии барномаи «Таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони макотиби олӣ» (Junior Faculty Development Program, JFDP шурӯъ мешавад.




Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи таҷрибаомӯзӣ омӯзгорон дар машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҷамъомаду конфронсҳо иштирок мекунанд.



Ҳамаи хароҷот аз ҷониби масъулони татбиқи барнома пардохт мегардад.



«Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки собиқаи дусолаи корӣ дар макотиби олиро соҳиб ҳастанду забони англисиро ба таври хаттиву шифоҳӣ хуб балад мебошанд ва ба оғози барномаи академӣ дар ИМА (январ-майи соли 2009) имкон доранд, метавонанд довталаби иштирок дар барнома гарданд, – изҳор дошт манбаъ. – Муаррифиномаи барнома ва машварати умумӣ оид ба тарзи пур кардани маълумотнома (анкета) дар таърихи 11-уми август дар дафтари кории Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маълумоти байнулмилалӣ бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Толстой, 86 баргузор мешавад».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.