Чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд

Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд. Ба қавли ӯ, аз болои аъмоли 7 нафар корманди ин вазорат, аз […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки чанде аз кормандони Вазорати тандурустӣ ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ ба миқдори беш аз 1 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешаванд.




Ба қавли ӯ, аз болои аъмоли 7 нафар корманди ин вазорат, аз ҷумла сардори раёсати сохтмони асосӣ ва сармуҳосиби он парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.



«Кормандони агентӣ ғайримақсаднок истифода кардани маблағҳои ҷудогардида, тавассути ширкатҳои хусусӣ ба пули нақд табдил додани онҳо ва минбаъд азхудкунии онро ошкор сохтанд, ки дар натиҷа ба давлат ба миқдори 1 млн. 52 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст», – зикр кард директори агентӣ.



Ба иттилои Ш.Салимзода, онҳо ба беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод, Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва беморхонаи касалиҳои дили шаҳри Хоруғ техникаву таҷҳизоти фарсудаву корношоями тиббӣ харидорӣ намудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.