Раиси «Тоҷикматлубот» аз фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ нигарон аст

           Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев изҳор дошт, ки фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ монеъи фаъолияти пурсамари муассиса гаштаанд. Ба қавли ӯ, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба «Тоҷикматлубот» лозим меояд, маблағҳои зиёде қарз гирад. «Фоизи қарзҳои бонкӣ ба мо 18 дарсад муайян шудааст […]

Далери Ғуфрон




          



Душанбе. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев изҳор дошт, ки фоизҳои баланди қарзи бонкӣ ва боҷи гумрукӣ монеъи фаъолияти пурсамари муассиса гаштаанд.



Ба қавли ӯ, ҷиҳати фаъолияти пурсамар ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалия ба «Тоҷикматлубот» лозим меояд, маблағҳои зиёде қарз гирад.



«Фоизи қарзҳои бонкӣ ба мо 18 дарсад муайян шудааст ва гузашта аз ин мо бояд аз моли воридотӣ ба кишвар 27 дарсад боҷи гумрукӣ пардохт намоем», – идома дод ӯ. – Аз ин рӯ чунин андозаи фоизгузориҳо монеъи фаъолияти пурсамари мо мегарданд».



С.Валиев ҳамзамон аз ҳосилнокии пасти имсола изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки соли равон зарурат пеш омад, то содироти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш дода шавад, зеро ба ин маҳсулот, пеш аз ҳама, бояд аҳолии ҷумҳурӣ таъмин карда шавад.



Мавсуф зикр кард, ки дар нимсолаи аввал иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба буҷаи ҷумҳурӣ 7 млн. 476 сомонӣ маблағ ворид сохтаааст. «Агар дар соли 2005 иттифоқ ба буҷаи ҷумҳурӣ 4 млн. сомонӣ ворид сохта бошад, пас соли равон мувофиқи нақша 18 млн. сомонӣ ворид хоҳад шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки агар муомилоти мол дар соли 2005 28 млн. сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2008 он бояд ба 110 млн. сомонӣ баробар шавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.