Намояндагони мардумии Кӯлоб ба оғози тафтиши парвандаи ҷиноии ҳамтои худ иҷозат доданд

Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба анҷом расид. Дар иҷлосия дархости додситони вилояти Хатлон ҷиҳати иҷозати оғози парвандаи ҷиноии муовини Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила, намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Фариштамоҳ Солеҳова мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи додситони шаҳр, мушовири адлияи […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба анҷом расид.




Дар иҷлосия дархости додситони вилояти Хатлон ҷиҳати иҷозати оғози парвандаи ҷиноии муовини Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила, намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Фариштамоҳ Солеҳова мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Ба гуфтаи додситони шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи аввал Насрулло Маҳмудов, намояндагони мардумӣ иҷозаи худро доданд ва аз ин пас тафтишот шурӯъ мегардад.



Ёдрас мекунем, ки кормандони додситонии минтақавии Кӯлоб Ф.Солиҳоваро ҳангоми гирифтани пора боздошт намуданд. Ӯ аз шавҳари як сокини маҳаллӣ Надежда Шамсиева барои ба дунё овардани кӯдакаш 400 сомонӣ тамаъ кардааст, вале кӯдак фавтида таваллуд мешавад. Чун Ф.Солеҳова намояндаи мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳр аст, ӯро аз боздоштгоҳи муваққатӣ дар зарфи 24 соат ҷавоб дода, бобати қаламрави кишварро тарк накарданаш тааҳҳуднома гирифтанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.