Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи таҷдиди сохтори КВДҲ «Тоҷик Эйр»-ро тасдиқ кард

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи таҷдиди сохтори чаҳор иншооти монополии бузурги давлатӣ – Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Тоҷиктелеком», ҶС «Телерадиоком», Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶС «Тоҷикхимпром»-ро тасдиқ кардааст. «Пеш гирифтани раванди таҷдиди […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи таҷдиди сохтори чаҳор иншооти монополии бузурги давлатӣ – Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Тоҷиктелеком», ҶС «Телерадиоком», Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶС «Тоҷикхимпром»-ро тасдиқ кардааст.




«Пеш гирифтани раванди таҷдиди сохтор ташаббуси истисноии ҳукумати ҷумҳурӣ аст ва то соли 2009 таҷдиди давра ба давраи ширкати ҳавопаймоии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз як корхонаи монополии

 

бузург он ба якчанд корхонаҳои ҷудогона тақсим шуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият ин ниҳодҳо байни худ шартнома мебанданд», – изҳор дошт ӯ.



Ф. Ҳамралиев баён дошт, ки то ахири моҳи августи соли равон оинномаҳои муассисаҳои фаръии ширкати ҳавопаймоӣ дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар сурати тасдиқи онҳо фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрпғонтеппа ва Кӯлоб ба субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ табдил меёбанд.



«Тибқи қарори ҳукумат ин субъектҳо ба ҷамъиятҳои саҳомӣ иваз мешаванд, ки барои сармоягузории хориҷӣ шароити мусоид фароҳам месозад, – идома дод Ф.Ҳамралиев. – Феълан мусофирон аз фаъолияти ғайриқаноатбахши ширкати ҳавопаймоӣ ва сатҳи хизматрасонӣ шикоят мекунанд ва мутмаинам, ки пас аз таҷдиди сохтор вазъ ба куллӣ дигаргун хоҳад гашт».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.