Дар Хуҷанд ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли кишвар ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷиноят соатҳои 10-и шаб дар Хуҷанд содир шудааст. «Ҷавондухтари 28-сола аз назди мактаби рақами 30 гузашта, ба хонааш мерафт ва дар он ҷо се нафар ҷавонон ба ӯ ба […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли кишвар ҷавондухтареро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷиноят соатҳои 10-и шаб дар Хуҷанд содир шудааст.




«Ҷавондухтари 28-сола аз назди мактаби рақами 30 гузашта, ба хонааш мерафт ва дар он ҷо се нафар ҷавонон ба ӯ ба хушомадгӯӣ пардохтанд, – изҳор дошт манбаъ. – Вале ба мақсад нарасида, ба латукӯби ӯ оғоз карданд ва ба номусаш таҷовуз намуда, сипас ӯро зинда ба зинда сӯзониданд ва аз ҷои ҳодиса ғайб заданд».



Ба туфайли амалиёти фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дере нагузашта гумонбаршудагони содир намудани ҷинояти ваҳшиёна дастгир карда шуданд. «Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Хуҷанд буда, қаблан доғи судӣ доранд», – афзуд сарчашма. Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.